Имрӯз, 6 сентябр вакилони порлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи авф”-ро, ки интизор меравад, тибқи он беш аз 16 ҳазор нафар авф шаванд, қабул карданд.

Дар муаррифии қонуни авф гуфта шуд, ки 800 нафар гумонбаршавандаву айбдоршаванда, 350 нафар судшаванда, қариб 3 ҳазор нафар маҳкумшуда аз муассисаҳои ислоҳӣ, 1 ҳазору 900 нафар маҳкумшуда аз колонияҳои ислоҳии сукунат ва 4 ҳазору 650 нафар маҳкумшуда аз нозироти корҳои ислоҳӣ озод карда мешаванд. Муҳлати ҷазои 5 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.

Муовини додситони кулли Тоҷикистон Дилшод Талбакзода ҳангоми муаррифии тарҳ дар Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ҳадафи қонуни мазкур ба ҳаёти осоишта баргардондани маҳкумшудаҳо аст.

Тибқи гуфтаи ӯ, муҳлати татбиқи қонун ду моҳ пешбинӣ шудааст.

Талбакзода гуфтааст, ки қонуни афв нисбат ба онҳое, ки бо одамкушӣ, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, рабудани одам, хариду фурӯши одамон, таҷовуз ба номус, шиканҷа ва ҷиноятҳои марбут ба фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ ҳабс шудаанд, татбиқ нахоҳад шуд.

Ғайр аз ин, авф нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд; маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки қаблан бо татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҷазо ё аз адои боқимондаи ҷазо озод карда шуда ва боз ҷинояти қасдона содир намудаанд, татбиқ намешавад.

Қонуни авф шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад: шахсоне, ки: аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд; нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст; ҷазо нисбати онҳо шартан татбиқ карда нашудааст; ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд; шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд; ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд; барои ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ дошта маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд.

"Дар лоиҳаи қонун нисбат ба занҳо, ноболиғон, шахсони синнашон аз 55 боло, маъюбон, беморони дараҷаи вазнин, шахсони дорои мукофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст", - афзудааст манбаъ.

Дар бораи ҷузъиёти бештари қонуни авф маводи зерини “Азия плюс” – ро мутолиа намоед.

Маъмулан дар ҷумҳурӣ ба ифтихори солгарди ҷашнҳои давлатӣ авф эълон мешавад. Ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар соли 2019 зиёда аз 20 ҳазор нафар маҳкумшуагон мавриди авф қарор гирифтанд. Соли 2014 дар солгарди 20-солагии қабули Конститутсия қонуни авф 10 ҳазор нафар ва соли 2011 ба ифтихори ҷашни 20-умин солгари истиқлолияти давлатӣ - 15 ҳазор нафарро фаро гирифта буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.