“Гурӯҳҳои мобилӣ”-и Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои қонуншикании навбатии ҳаракат дар роҳро ошкор карданд.

Тавре маркази матбуоти Раёсат хабар медиҳад, аз ҷумла бар асоси сурати ирсолшуда аз ҷониби яке аз сокинони пойтахт нисбати ронандаи автомашинаи Hyundai (7000ZG01) Ҷамшед Азизов парвандаи маъмурӣ боз шудааст.


Гуфта мешавад, ӯ дар давродаври роҳи сеқабата (эстокада)-и маҳаллаи 82 муқобили самт ҳаракат мекардааст.

Ҳамчунин ба милитсия навори видео фиристода шудааст, ки дар он дида мешавад ронандаи автомашинаи «Тайота камрӣ» (0111ND01) дар ҷойи манъшуда - истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ автомашинаи худро ба таваққуф гузоштааст. Барои ин қонуншиканӣ ронанда Зиёдулло Умаров ҷарима шуда, лекин маблағи ҷарима зикр намешавад.


Ғайр аз ин, милитсияи Душанбе ронандаи автобуси №8 Акмал Ғафуровро бар асоси муроҷиати сокини зани пойтахт дар Facebook аз дағалгуфториаш ҷарима кардааст.

“Ронандаи автобус бар замми ба таври нақдӣ гирифтани маблағи роҳкиро, ҳамзамон саросемавор дари автомашинаро пӯшидааст, ки боиси озори ҷисмонии фарзанди ноболиғи муроҷиаткунанда гардидааст”, - омадааст дар хабари Раёсат.


Аз рӯи ин далел ронандаи дағалрафтор ба маблағи 420 сомонӣ (37,23 доллар) ҷарима шудааст. Ин ҳодисаи дуюмест, ки милитсия ронадаи автобусро пас аз муроҷиати сокинон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷазо медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз вазъи тамбашавии роҳҳои нақлиётгарди пойтахт “Гурӯҳҳои мобилӣ” таъсис дод.

Инчунин чанде пеш Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади тақвияти ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ нахустин «ОЗМУН»-и соҳавии беҳтарин навори видео ё сурати ҳолатҳои қонуншиканиро роҳандозӣ мекунад.

Ҳамаи хоҳишмандон бо ирсоли сурат ё навори видео дар бораи ҳолатҳои қонуншиканӣ тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе метавонанд дар озмун иштирок кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.