Зане, ки “бонкомат”- ҳои ширкати “Душанбе сити”–ро бо санг зада шикаста буд, дастгир шудааст. Мақомот мегӯянд, ӯ бо нишони эътироз ба далели надоштани маблағ ин корро кардааст, вале аз“Душанбе сити” гуфтанд, дар он замон бонкоматаҳояшон пул дошт.
Дар наворе, ки як ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дида мешавад, ки як зан бо нишони эътироз ду бонкомати “Душанбе сити”-ро бо санг мезанад. Шоҳидони ҳодиса мегуфтанд, ки ин зан бо нишони эътироз ба далели надоштани маблағ дар бонкомат онҳоро зада шикастааст.
Ин делалро Раёсати корҳои дохили шаҳри Душанбе ба “Азия–Плюс” низ тасдиқ кард. Вале аз ширкати “Душанбе сити” ба мо гуфтанд, замоне, ки ин зан бонкоматҳоро зад, дар онҳо маблағ буд.
- Сабаби даст ба ин кор задани ин зан маълум нест. Он замон дар ин банкоматҳо маблағ буд. Ин занро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт кардаанд, - гуфтанд аз “Душанбе сити”.
Дар ҳамин ҳол, аз РВКД шаҳри Душанбе аз ин зан Меҳрафрӯз Муминоваи 35-сола, сокини деҳаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Темурмалик ном мебирад ва мегӯяд, ки ӯ, “рӯзи 18-уми майи соли ҷорӣ аз сабаби надоштани маблағ асабонӣ шуда, ба воситаи санг ду адад дастгоҳи худкори бонкии (банкомат) ҶДММ «Душанбе сити»-ро дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур зада корношоям кардааст”.
- Дар ҳаракатҳои номбурда, ки қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дида мешавад, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи лозим тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад,-гуфтанд аз РВКД шаҳри Душанбе.
Бо нишони эътироз бо санг зада корношоям кардани бонкоматҳои яке аз ташкилотҳои қарзӣ дар ҳолест, ки сокинони кишвар ба таври ҳамешагӣ аз набудавни маблағ дар бонкоматҳо шикоят мекунанд.
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста