Наздикон ва худи Мавҷигул Ғарибова, модари 66-солаи Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дирӯз, 1 июн бо гумони авбошӣ ду сол ба ҳабси хонагӣ маҳрум шуд, аз ҳукми додгоҳ норозианд ва мегӯянд, ин туҳмат аст.

Ҷунайдулло Худоёров, дар шарҳи маҳкум шудани модараш ба ду соли ҳабси хонагӣ дар фейсбук изҳори нигаронӣ кард ва навишт, ки алайҳи модараш парвандаи сохта кушода, ӯро ба додгоҳ кашиданд.

Номбурда навишт, модарашро бо моддаи 237 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (авбошӣ) айбдор карда, ба ду сол ҳабси шартӣ маҳкум намуданд.

Ӯ ҳамчунин, итттилоъ дод, ки Алишери Насриддин, яке аз тарафҳои даъво низ бо моддаи 237 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ (авбошӣ) муттаҳам ва ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ҷарима вазифадор шудааст.

Худоёров мегӯяд, додгоҳ хоҳараш Валаъмат Худоёроваи 34-сола, ки ӯ низ ба авбошӣ мутаҳҳам мешуд, бегуноҳ дониста аз ҷавобгарӣ озод кардааст.

- Имрӯз дар маҷлиси ошкорои судӣ Алишери Насриддин иқрор шудааст, ки "ман нисбати апаи Валаъмат на аризаи шикоятӣ навиштааму на хулосаи экспертизаи судии тиббӣ дорам ва на ягон даъво дорам, - навиштааст Ҷунайдулло Худоёров.

Аммо назари худи Алишери Насриддин барои расонаҳо дастрас нест.

Шаҳраки Ғарм, маркази ноҳияи Рашт

Гуфта мешавад, ки мурофиаи Худоёрова зери роҳбарии додраси додгоҳи ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) Маҳмуд Баротзода дирӯз, 1 июн баргузор гардид.

Мавҷигул Ғарибова гуфтааст, ки аз тафтишоти ноодилонаи маъмурони милиса ва додситонии ноҳияи Рашт норозӣ аст ва додгоҳ дар мавриди захмӣ шудани ҳамдеҳааш Алишери Насриддин, далел наёфт, вале ӯро ҷазо дод.

Аз ин пештар, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” Зубайдулло Худоёров, яке аз писарони Мавҷигул гуфта буд, ки дар мурофиаи нахустин модару духтар  иттиҳомро беасос, туҳмат ва фармоишӣ дониста гуфтанд, ки иддаои Алишери Насриддин комилан нодуруст аст ва ӯву духтараш ба ӯ зиён нарасонидаанд.

Зубайдулло афзуда буд, ки ҳодиса моҳи октябри соли гузашта рух дода буд ва баръакс, бояд даъвогарон барои латукӯби модараш ҷавоб мегуфтанд.

- Рӯзи 27 октябри соли 2021, вақте модарам аз хонаи апаам бармегашт, Алишери Насриддин яке аз гумонбарони аслии қатли писарам ба ӯ мегӯяд, “аз марги амакам Мансур Ҳамидов хурсанд шудӣ”. Модарам мегӯяд, “кори нохуб шуд, беҳтараш зинда мемонду марги писари қотилашро медиду мисли ман месӯхт”. Ҳамин замон Алишер модарамро лату кӯб мекунад, - гуфта буд Худоёров, - мегӯяд Зубайдулло Худоёров.

Назари даъвогарон, аз ҷумла Алишери Насриддин ҳам ба ҳукми додгоҳ ва ҳам давъвои оилаи Худоёровҳо маълум нест.

Мақомоти додгоҳӣ ба таври расмӣ аз додани шарҳу тавзеҳ ба расонаҳо худдорӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 16-уми ноябри соли 2021 Раёсати умури дохилии ноҳияи Рашт бар зидди Мавҷигул Ғарибова бо гумони даст доштан дар “авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Тақрибан як моҳ баъд, бо ҳамин ҷурм, Валамат Худоёрова, духтари ӯро шарики ҷиноят донистанд.

Гуфта мешуд, ки он замон худи Ҷунайдулло Худоёров ҳам дар ин муноқиша ширкат дошт ва гӯё бо табар ба сӯи Алишери Насриддин, даъвогар ҳамла карда бошад. Рӯзи 4 ноябри соли 2021 мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рашт алайҳи Ҷунайдулло Худоёров ҳам бо гумони авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ боз намуда буданд. Вале худи Худоёров иддаоро рад намуд ва гуфт, ки нафаре ки шикоят кардааст, ӯро ба қатл таҳдид намудааст, дар муноқишае ки ӯ ором кард, ширкат надошт.

Баҳси хонаводаи Худоёровҳо бо ҷониби дигар баъди куштори Алиризо Худоёрови 21-сола, донишҷӯйи Донишкадаи омӯзгории Рашт, ки моҳи июли соли гузашта дар як занозанӣ аз зарби корд ба ҳалокат расид, оғоз шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ду нафар, аз ҷумла бародари Алишери Насриддин - Зафарҷони Насриддин ва Абдулло Азимовро ба 19 соли маҳбаси низомаш сангин маҳкум карда буд. Аммо Худоёровҳо ҳодисаро "аз пеш тарҳрезишуда" ва "кори дасти камаш панҷ нафар" медонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.