Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар вилояти Тошканд ду занеро, ки тариқи қочоқ 356 ҳазор долларро ба Тоҷикистон гузарониданӣ буданд, боздошт намуд, хабар медиҳад Раёсати ин Хадамот.

Гуфта мешавад, занони сокини Бекобод ин корро бо дархости шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Маҳмуд иҷро мекарданд ва бояд барои “хидмати худ” мукофотпулӣ мегирифтанд.

“Занон дар гузаргоҳи Бекобод боздошт шуда, зимни азназаргузаронии шахсии онҳо маълум мешавад, ки зани 42-солаи сокини шаҳр 166 ҳазор доллар ва зани 28-солаи ҳамсафари ӯ - 190 ҳазор долларро пинҳон кардаанд”, - зикр мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати занон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот роҳандозӣ шудааст.

Дар бораи шахсияти занону ба чӣ кор машғул будани онҳо маълумот дода намешавад.

Хадамот инчунин навори видеои боздошти занонро нашр кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.