Додгоҳи вилояти Хатлон Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Хайбуллоев, ду гумонбари қатли оилаи Маҳмадовҳо дар ноҳияи Ҷайҳунро ба ҳабси абад ва Адолат Шерматова, гумонбари сеюмро ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре хабарнигори “Азия-Плюс” аз толори додгоҳ хабар медиҳад, ҳукми ҷинояткоронро чанд дақиқа пеш, Хусрав Холдорзода, додраси додгоҳи вилоятӣ эълон кард ва гуфт, тарафҳо метавонанд давоми 10 шабонарӯз аз болои ҳукм ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат кунанд.

Ба иттиллои хабарнигори мо, наздикони гунаҳкорон аз ҳукми додгоҳ норозигӣ карда, гуфтаанд, ки аз болои он ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят мебаранд.

Шарифа Шерматова, модари Адолат Шерматова ва наздикони Қиёмиддин Насриддинову Маҳмадғаюр Хайбуллоев гуфтанд, ба воситаҳои ҳимоятгаронашон ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикояти касатсионӣ мебаранд, чунки наздиконашонро бегуноҳ медонанд.

Ду рӯз пеш, айбдоркунандаи давлатӣ ба Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва  Қиёмиддин Насриддинов ҳукми абад ва ба гумонбари сеюм  Адолат Шерматова, зани Қиёмиддин Насриддинов 30 соли зиндон талаб карда буд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, гумонбарон зимни ироаи ҳарфи охирин худро бегуноҳ дониста, аз додрас хоҳиш кардаанд, ки онҳоро сафед кунад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳар се айбдоршаванда аз баёноте, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ дода буданд, даст кашида, худро дар куштори оилаи Маҳмадовҳо бегуноҳ дониста буданд. Онҳо даъво доштанд, ки зери фишор ва бар асари шиканҷа баёнот додаанд.

Бояд гуфт, ки дар додгоҳи вилояти Хатлон чандест баррасии парвандаи пурсарусадоии куштори панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни ин вилоят ҷараён дорад. Ин ҳодиса яке аз ҳодисаҳои пурсарусадои солҳои ахир дар вилояти Хатлон аст.
Додраси Додгоҳи вилояти Хатлон ҳангоми ирои ҳукм
Asia-Plus

Дар робита ба ин ҳодиса нисбати се сокини ноҳияи Ҷайҳун, ки дар куштори ин хонавода айбдор мешаванд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов бо моддаҳои 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 244 (дуздӣ) ва Адолат Шерматова, оилаи Қиёмиддин Насриддинов бо моддаи  104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) айбдор карда мешаванд.

Куштори пурсарусадои падари оила ва се фарзанди ноболиғаш шаби 12 июни соли 2021 рух дода буд. Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се фарзанди 8,13 ва 14-солааш ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилаи кишвар видеоеро вобаста ба ин ҷиноят нашр кард. Дар ин навори видеоӣ сокинони ҳамин ноҳия Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев нақл карданд, ки чӣ гуна ин кушторро содир кардаанд.

Баъдан, аз хонаводаи Маҳмадов, ҳамсараш Латофат Азизова ва як писараш, ки зинда монданд, гумонбаронро шинохтанд.