Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Наҷибулло Ғоибов, як ронандаи нақлиёти ҷамъиятиро дар Душанбе  барои беэҳтиромӣ ба мусофирон 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як иттилоия гуфт, ки навори муносибати дағалонаи Ғоибов бо мусофирон ва бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт рӯзи 6 августи соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид ва корбарон аз ин раёсат дархост краданд, ки нисбати ин ронанда чораҳои дахлдори қонунӣ андешиданд.

Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Ғоибов ҳамчунин, воситаи нақлиётро бо рақамҳои қайди давлатии бегона ва бе иҷозатнома ба мусофиркашонӣ машғул гардидааст.

“Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати Ғоибов Наҷибулло барои идораи воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона, тибқи талаботи моддаи 313 ва барои бе иҷозатнома ба мусофиркашонӣ машғул гардидан, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.”н, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд”, - омадааст дар хабарнома.

Ҳамин тариқ, бо қарори Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон Ғоибов ба 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ равона карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.