Дар фурудгоҳи шаҳри Сургути Русия як шаҳрванди Тоҷикистон бо миқдори зиёди пул боздошт шуд.

Аз бағочи мусофир кормандони Хадамоти гумрук зиёда аз 1,5 млн рубл пули эъломиянашударо ошкор намуданд.

“Шаҳрванди Тоҷикистон, мусофири хатсайри Сургут - Тошканд ҳангоми гузаштан аз долони “сабз”-и гумрук боздошт шуда, дар бағочи ӯ 1 млн 602 ҳазор рубл дарёфт шуд. Маблағе, ки зиёдтар аз 10 ҳазор доллари иҷозашуда аст, 999 ҳазору 626 рублро ташкил медиҳад, - хабар додааст дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тюмен.

Нисбат ба марди боздоштшуда тибқи моддаи 16.4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз шудааст.

Маблағи баробар то 10 ҳазор доллар бо забонхат ба мусофир баргардонида шуда, пуле ки дар эъломия зикр нашуда буд, мусодира шудааст. Маводи парванда ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо пули зиёд дар фурудгоҳи Сургут боздошт мешаванд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ дар борхалтаи дастии мусофири хатсайри “Сургут-Хуҷанд” 1 млн 595 ҳазор рубли эъломиянашуда ошкор шуд.

Пас аз анҷоми расмиёти назорати гумрукӣ, 840 ҳазор рубли баробар ба 10 ҳазор доллар бо забонхат ба мусофир баргардонида шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.