Бинобар сабаби дар машварати САҲА оид ба чеанаки инсонӣ дар Варшава ба ҳузури фаъолони ҲНИТ ва «ҷинояткорони мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта» роҳ додан, ҳайати Тоҷикистон ин машваратро тарк кард.

Дар изҳороти ҳайати Тоҷикистон, ки дар сомонаи САҲА мунташир шудааст, гуфта мешавад, роҳ додани ҷинояткорон ба машваратҳои ҳамасолаи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) нуфузи ин созмонро коста гардонида, ба муколамаи созанда дар доираи машварат мусоидат намекунад. «Аз ин рӯ, ҳайати мо иштироки минбаъдаи худ дар кори ин машваратро ғайриимкон мешуморад», - омадааст дар изҳорот.

«Изҳороти ин шахсон дар бораи таъқиб шуданашон аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ беасос буда, аз вазъ ва машварати САҲА суиистифода мекунанд. Аён аст, ки ҳадафи онҳо бадном кардани ҳукумат ва худро ҷабрдидаи поймолкунии ҳуқуқи инсон вонамуд кардан буда, бо ин васила мехоҳанд дастгирии сиёсӣ ёбанд ва барои иқомати доимӣ дар Аврупо иҷоза бигиранд», - зикр мегардад дар изҳорот.