Бо фармони президенти Русия Владимир Путин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Ордени Дӯстӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар фармони президени Русия, ки дар сомонаи pravo.gov.ru интишор шудааст, гуфта мешавад, Сироҷиддин Аслов «барои саҳми беандоза ба рушди муноситаҳои Русия ва Тоҷикистон, таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо» бо ин мукофот қадрдонӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи оянда сафари президенти Русия ба Тоҷикистон дар назар аст. Доир ба сафари президенти Русия ба Душанбе муовини аввали нахуствазир ин кишвар Игор Шувалов зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Русия моҳи январ хабар дода буд.

Бино ба маълумоти мақомоти расмии Русия, Владимир Путин шоми 27 феврал ба Душанбе ташриф оварда, ҳамаи дидору гуфтушунидҳои расмии ӯ рӯзи 28 феврал ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки чор моҳ пеш бо фамони президенти Русия раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев низ бо Ордени Дӯстӣ қадрдонӣ гардида буд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро Сироҷиддин Аслов аз 29 ноябри соли 2013 роҳбарӣ мекунад.