Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзҳои 24-25 май марҳилаи навбатии машваратҳо миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бораи барӯйхатгирии заминаи муносибатҳои қарордодиву ҳуқуқӣ доир гардид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКХ Ӯзбекистон, ҳайати Тоҷикистонро дар ин машваратҳо муовини сардори Раёсати қарордодиву ҳуқуқии ВКХ ҶТ Парвиз Содиқӣ роҳбарӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо барӯйхатгирии заминаи муносибатҳои қарордодиву ҳуқуқӣ оид ба ҳамкориҳоро баргузор намуда, доир ба лоиҳаҳои санадҳои мавриди баррасӣ қарордошта табодули назар намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин ба масъалаҳои тағйирот дар санадҳои қонунгузории ҳарду кишвар, ки ба имзо ва иҷрои шартномаҳои байнулмилалӣ дахл дорад, таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.