Президенти Русия Владимир Путин дар посух ба савол доир ба дороиҳояш изҳор дошт, ки ӯ «ин қадар боигарие надорад, ки дар борааш мегӯянд».

Хабаргузории ТАСС менависад, ӯ ба гуфтаҳои коргардон Оливер Стоун роҷеъ ба доротарин шахси ҷаҳон номида шуданаш чунин посух додааст. Намоиши қисмати охирини филми мустанади чорқисмата дар бораи Путин рӯзи панҷшанбе дар шабакаи телевизиони кабелии Showtime баргузор шуд.

Президенти Русия маълумотҳои дар Кипр суратҳисоб доштанашро як ҳарзае беш надониста, изҳор намуд, ки агар чунин суратҳисобҳо вуҷуд мелдоштанд, онҳоро кайҳо расонаиву пешниҳод мекарданд.

«Нисбат ба касоне, ки дар суратҳисобҳояшон пули зиёд доранд, худи шумо бештар шахси бойтаред, зеро ақидаи мусатқил, қобилият ва имкони пас аз худ нақши назаррас гузоштан доред, - гуфт ӯ ба журналист. - Пул чунин хушбахтӣ намеорад, онро бо худ ба гӯр бурдан намешавад».

Қобили зикр аст, ки васоити ахбори умуми Ғарб дороиҳои Путинро аз 40 то 200 млрд. доллар арзёбӣ мекунанд. Хабаргузории Медуза қайд мекунад, ки даромади расмии Владимир Путин якчанд миллион рубл дар як сол (соли 2016 - 8,8 млн. рубл) аст.