Ба ҳукуматдорони Қатар аз кишварҳои арабӣ тариқи Кувайт рӯйхати шартҳо барои барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ дастрас шуд.

Бино ба маълумоти Ассошиэйтед Пресс, Арабистони Саудӣ, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн аз Қатар тақозо кардаанд, ки муносибатҳои дипломатиаш бо Эронро қатъ намуда, пойгоҳи низомии Туркияро бандад ва ба фаъолияти шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира» хотима бахшад.

Хабаргузорӣ ҳамчунин менависад, таҳиягарони рӯйхат исрор варзидаанд, ки ҷараёни ба шаҳрвандӣ пазируфтани сокинони кишварҳояшон боздошта шуда, шаҳрвнадони дар Қатар қарордошта баргардонида шаванд.

Тибқи маълумоти ВАО, кишварҳои арабӣ аз Доҳа талаб кардаанд, ки ҳамаи шахсоне, ки онҳо ба иттиҳоми терроризм ҷустуҷӯ доранд, истирдод шаванд.

Ғайр аз ин, Қатар бояд ҷубронпулӣ пардохт намояд, ки ҳаҷми он зикр нашудааст. Барои иҷрои ҳамаи талабҳо 10 рӯз муҳлат дода шудааст.

Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ
ТАСС

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ дар ин робита менависад, Вазорати умури хориҷии Қатар аз қарори кишварҳои Ховари Миёна изҳори таассуф карда, гуфтааст, баҳонаҳои чунин амали онҳо сохта ва беасос буда, ҳадафи аслӣ ба итоати худ даровардани Доҳа аст, ки ба сари худ дастдарозӣ ба соҳибихтиёрии кишвар аст.