Тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА, аз 1 июли соли 2017 мақоми ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода мешавад ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе» табдил хоҳад ёфт.

Бино ба қарори мазкур, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе фаъолияти барномавиро дар доираи андозагириҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонии фаъолияти САҲА бо мақсади дастгирӣ намудани Тоҷикистон дар татбиқи принсипҳо ва иҷроиши ӯҳдадориҳои САҲА, татбиқ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Дафтари барномаҳо дар ҳамкории зич ва дар асоси машваратҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

Шӯрои доимии САҲА яке аз мақомоти асосии созмон мебошад, ки барои қабули қарорҳо масъул аст ва ҷаласаҳои он мунтазам баргузор мегарданд. Намояндагони ҳамаи 57 кишвари иштирокчии САҲА дар кори Шӯрои доимӣ ширкат меварзанд. Қарорҳо дар асоси консенсус қабул мегарданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.