Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар бораи муносибатҳои кишвар бо Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ филми хеле хуберо манзури корбарон гардонид.

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов рӯзи 5 июл дар гуфтугӯи мустақими аввалинаш дар пресс-клуби байналмилалии Тошканд дар ин робита изҳор намуда буд, ки кишвараш хостори равобити дӯстонаву хуб бо Тоҷикистон аст ва ин мавзӯъ, ба гуфтаи ӯ, ахиран дар як филми мустанаде инъикос шуд, ки дар телевизиони маҳаллӣ ба намоиш даромад.

Вай, аз ҷумла, гуфт: "Дар ин филм масъалаи доғе ба мисли обанбори Фарҳод чунон матраҳ шудааст, ки кас мехоҳад худи фардо рафта созиш кунад. Ҳалли ин баҳс бо бародарони тоҷикамон хеле боназокат пешниҳод шудааст".

Дар зер ин филми мустанадро манзуратон мегардонем: