Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши тозаи худ Тоҷикистонро аз назари озодиҳои мазҳабӣ ба гурӯҳи “Кишварҳои мавриди таваҷҷӯҳи хос” шомил кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Департаменти давлатӣ гуфтааст, ки соли 2016 дар Тоҷикистон назорат аз фаъолиятҳои мазҳабӣ ҳамоно идома кард. “Ин навбат таваҷҷӯҳи мақомот бештар ба ҳиҷобпӯшии занон равона шуд”, - омадааст дар “Гузориши байналмилалии озодиҳои мазҳабӣ - 2016” (International Religious Freedom Report for 2016), ки рӯзи 15 август аз ҷониби Департаменти давлатии Амрико нашр шуд. Як бахши ин гузориш ба вазъи Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар гузориш аз қавли нозирон гуфта мешавад, баъди онки мардони зиёд ба хотири ҷилавгирӣ аз мушкилот бо мақомот ришҳои худро тарошиданд, таваҷҷӯҳи асосӣ болои ҳиҷоб равона гардид. “Занҳои ҳиҷобпӯш гуфтанд, ки бо вуҷуди адами қонуни манъкунандаи пӯшиши либоси мазҳабӣ, ин гурӯҳи занон пайваста мавриди озори ходимони ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтанд”, - омадааст дар гузориши Департаменти давлатии Амрико.

Муаллифони гузориш мегӯянд, се зани тоҷик рӯзи 23-юми июни соли 2016 барои дарёфти кумак ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карда гуфтанд, ҳиҷобпӯшии онҳо боис ба озору азияташон шудааст. Дар гузориш гуфта мешавад, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи 40 рейд 643 зани ҳиҷобпӯшро ба қайд гирифта, дар вилояти Хатлон 6 ҳазору 873 зани ҳиҷобпӯшро дар бораи “бегона” будани ин либос “насиҳат кардаанд”.

Гузориши Департаменти давлатии Амрико мегӯяд, ки дар Тоҷикистон Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ нозири тамоми ҳаёти мазҳабии мардум аст ва Шӯрои уламои Маркази исломӣ танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар боқӣ мемонад. Бо инки қонунҳои Тоҷикистон динро аз давлат ҷудо медонад, соли 2016, ба таъкиди Департменти давлатӣ, дар пайи тағйироти наве ба қонун фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ дар ин кишвар манъ шуд.

Ба ин тартиб, ба феҳрасти созмонҳои мамнӯи мазҳабиву ифротгаро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам шомил гардид. Мазҳаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоат дар қонуни кишвар мавқеи хос касб карда, дар масҷид намозгузории занон ва ҷавонони то 18-сола манъ шудааст.

Бино ба гузориши Департаменти давлатии Амрико, соли гузашта бо ҳадафи ҷилагирӣ аз ифротишавии ҷомеа дар Тоҷикистон беш аз 100 нафар бо гумони узвият дар созмонҳои мамнӯи мазҳабии назири “Салафия”, гурӯҳи “Давлати исломӣ”, Ҳизби Таҳрир ва дигарон боздошт шудаанд.

Садҳо номозгоҳи аз назари мақомот ғайриқонунӣ низ баста шуда, феълан шумори иттиҳодияиҳои динӣ бо шумули масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъву ҷомеи марказӣ ба 4089 адад баробар аст. Аз миёни ин созмону иттиҳодияиҳои динӣ 72 ададаш созмони ғайриисломист.

Гузориши Департаменти давлатӣ таъкид мекунад, ки мақомоти тоҷик созмонҳои нави диниро ба қайд намегиранд ва мисли гузаштаҳо, фаъолияти “Шоҳидони Яҳво” манъ мебошад.

Ба ҳисоби ҳукумати Амрико, дар Тоҷикистони иборат аз 8,3 миллион аҳолӣ беш аз 90 дарсади мусалмонон пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, тахминан 4 дарсадашон шиаи исмоилӣ ҳастанд, ки аксарият дар Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба сар мебаранд.

Инчунин, дар миёни намояндагони ақаллиятҳои мазҳабӣ ҷомеаи хурди баҳоиҳо, аҳли кришна ва яҳудиҳо ба сар мебаранд. Гурӯҳи серҷамъияттарини масеҳиёнро намояндагони калисои православии русӣ ё ортодокс ташкил медиҳанд.