Дар шаҳри Берлин таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ Андреас Пешке машваратҳои навбатии сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии федеративии Олмон баргузор гардиданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти машваратҳо масоили ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, сармоягузорӣ, амният, робитаҳои байнипарлумонӣ, энергетика, нақлиёт, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии худро баҳри боз ҳам таҳкиму густариши муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳарду кишвари дуст таъкид карданд.