Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба пойтахти Беларус - шаҳри Минск раҳсипор мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар ҷараёни ин сафар як қатор дидору гуфтушуниди дуҷонибаи Сарвари давлати Тоҷикистон дар назар аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти СААД, дар иҷлосияи санаи 30 ноябр дар Минск баррасии 20 масъала, аз ҷумла тамоилҳои рушди вазъи байнулмилалӣ ва тадбирҳо оид ба таҳкими амнияти дастаҷамъӣ, қабули Баёния дар робита ба ҷашни Созмон, ҳамчунин як қатор изҳороти сарони кишварҳо доир ба мушкилоти муҳими амнияти байнулмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори иҷлосияи зикршуда аз иштироки сарони кишварҳои узви Созмон, котибони шӯрои амният ва вазирони мудофиаи кишварҳо, аз ҷумла президенти Русия ва Қазоқистон Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ҳамчунин дабири кулли СААД Юрий Хачатуров интизорӣ меравад.

Ҳайати Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аз сарони кишварҳои узви СААД: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иборат буда, раиси он дар давраи байни иҷлосияҳои солҳои 2016-2017 президенти Беларус Александр Лукашенко мебошад. Соли 2018 Раёсат дар СААД ба дӯши Қазоқистон вогузор мегардад.