Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон даҳаи аввали моҳи январ дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт ҷаласаи пленуми ҳизбро баргузор мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ хабар дод, дар кори пленум бо иштироки раҳбарияти ҳизб, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз фаъолияти ҲХДТ давоми соли 2017 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои соли 2018 муайян карда мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки ба масъалаи кор бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирии терроризму ифротгароӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки наздики 40%-и он ҷавононанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.