Ҳайати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов рӯзи 7 декабр дар иҷлоси 24-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар шаҳри Венаи Австрия баргузор гардида истодааст, иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Аслов зимни суханронӣ доир ба мавқеи Тоҷикистон роҷеъ ба нуқтаҳои мубрами рӯзномаи ҷаласа ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар минтақаи САҲА ибрози ақида намуда, ҷиҳати талошҳои муштараки кишварҳо дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин зарурати густариши ҳамкориҳо дар масъалаҳои бознигарии усули баргузории чорабиниҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ДНДҲИ/САҲА) ва таҳкими амният дар минтақа таъкид намуд.

Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷӣ аз ҷумла даъват намуд, ки баъзе аз кишварҳои САҲА сиёсати духураи худро дар самти мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ хотима бахшида, ҷиҳати пешбурди муборизаи беамон ва решакан намудани ин хатарҳо ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон мусоидати ҳамаҷониба расонанд.

Ҳамчунин, ӯ роҷеъ ба чолишҳои рӯзафзуни террористӣ, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва афзоиши гуруҳҳои террористӣ аз ҷумла ДОИШ дар Афғонистон, хусусан дар шимоли он изҳори нигаронӣ намуда, аз кишварҳои САҲА ҷиҳати андешидани чораҳои мушаххас дар самти таҳкими сарҳади давлатӣ, ба вежа тариқи расонидани кӯмакҳои молиявӣ ва фаннӣ даъват ба амал овард. Дар робита ба ин, ҳавасмандии амиқи Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар пойдор гардидани сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя қайд карда шуд.    

Зимнан зикр мегардад, ки кори иҷлоси зикргардида имрӯз низ идома хоҳад ёфт.