Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз иқдоми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати интиқоли намояндагии дипломатии худ аз шаҳри Телавив ба Байтулмуқаддас изҳори нигаронӣ намуд.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ оид ба Байтулмуқаддаса, қайд мешавад, ки Тоҷикистон бар он аст, ки ин амр минтақаи Ховари Миёна ва атрофи онро мувоҷеҳи мушкилоти бештари сиёсиву амниятӣ ва ташаннуҷи қавмиву динӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, бар пояи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (181), Вазорат таъкид менамояд, ки Байтулмуқаддас шаҳри тамоми адён маҳсуб ёфта, мунҳасир кардани он ба як қавм ё дин мухолифи қонунҳои байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом ба талошҳои чандинсолаи кишварҳо барои эҷоди сулҳ байни Фаластину Исроил латмаи ҷиддӣ ворид менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки ВКХ ҶТ изҳори умед менамояд, ки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор аз амалҳое, ки раванди истиқрори сулҳу суботи минтақаро халалдор менамоянд, худдорӣ намуда, ба ҳаллу фасли созандаву одилонаи ҳамаи ҷанбаҳои қазияи Фаластину Исроил дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард.