Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасановро бозхонд.

Амри дахлдор дар ин хусус дар сомонаи расмии президенти Озарбойҷон нашр шудааст.

«Аббосалӣ Керем уғлу Гасанов аз вазифаи сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон бозхонд шавад», - омадааст дар амри мазкур.

Ёдрас мекунем, ки Аббосалӣ Гасанов моҳи феврали соли 2012 сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон таъин шуда буд.