Рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, санаи 23 декабр дар меҳмонхонаи «Гранд отел»-и пойтахт анҷумани навбатии 14-уми Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) доир мегардад.

Ба гуфтаи журналист ва ва ходими ҷамъиятии маъруф Иброҳим Усмонов, ҲДТ аз замони таъсисёбиаш ҳамаи арзишҳои зиддикоммунистиро дар худ ҷамъ кард.

«Аввали солҳои 90-ум демократҳои тоҷик натанҳо демократ буданд, дар онҳо хусусиятҳои сотсиалисту либерал ва муҳофизакорон (консерваторҳо)-ро низ дидан мумкин буд, - иброз дошт ӯ.

Усмонов мегӯяд, платформаи имрӯзаи Ҳизби демократ ба платформаи Ҳизби ҳокими халқи демократии Тоҷикистон наздик буда,  «демократҳои тоҷик мухолифи ҳукумати вақт нестанд, балки бештар онҳоро як ҷиноҳи ҲХДТ метавон гуфт».

Номбурда мутмаин аст, ки агар дар анҷуман пешвои амалкунандаи ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов иваз карда шавад, ояндаи наздик ҳизб фаъолияташро қатъ мекунад.

«Имрӯз дар парлумони Тоҷикистон ҲДТ-ро як вакил - раиси ҳизб Саидҷаъфар Исмонов намояндагӣ мекунад ва агар раҳбарияти ҳизб то соли 2010 сиёсати ҳозираашро боқӣ гузорад, дар интихоботи парлумони соли 2020 метавонад ба роҳёбии 2-3 нафар намояндагонаш ба курсии парлумонӣ имкон пайдо кунад», - чунин мешуморад ӯ.

Ҳизби демократи Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфта, раиси аввали он Шодмон Юсуф буд, ки феълан дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия зиндагӣ мекунад. Баъди имзои Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ҳизбро Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба роҳбарӣ гирифт.

Охири соли 2006 пас аз ба муҳлати 23 соли зиндон маҳкум шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Вазорати адлияи Тоҷикистон Масъуд Собировро раиси нави ҲДТ эътироф кард. Ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Саидҷаъфар Исмонов ва дигареро Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ роҳбарӣ мекарданд.

Дар анҷумани ғайринавбатии ҲДТ моҳи декабри соли 2012 Саидҷаъфар Исмонов раиси ҳизб интихоб шуд. Он замон ба ин вазифа Саидҷаъфар Исмонов ва Равшанбек Аҳмедов довталабӣ мекарданд. Аксари вакилон (85 нафар) номзадии Исмоновро пазируфтанд. Мамлакат Ҷайчиева, раиси кумитаи тадорукоти анҷуман аз иштирок дар интихоби раиси нави ҲДТ даст кашид.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон имрӯз дар сафҳояш ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид мекунад.