Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 26 декабр дар ҷаласаи ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Маскав иштирок мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи сешанбе ба Маскав раҳсипор гардида, шоми ҳамон рӯз ба Душанбе бармегардад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҳошияи кори нишаст дидору гуфтушунидҳои Сарвари давлати Тоҷикистон бо як қатор ҳамтоҳояш аз кишварҳои ИДМ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2018 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Русия ба уҳдаи Тоҷикистон вогузор шуда, ҷаласаи сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои узви Иттиҳод соли оянда дар Душанбе доир мегардад.