Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов имрӯз сафирони Қирғизистон - Дониёр Сиддиқов, Тоҷикистон - Содиқ Имомӣ, Турманистон - Шири Шириев ва кордори муваққатии Қазоқистон дар ин кишвар Мурсал-Набӣ Туякбоевро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, вазир ба роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир ба пешниҳодҳои амалисозии ташаббусҳо бобати рушди ҳамкории бисёрҷабҳаи кишварҳои минтақа, ки аз ҷониби президенти Ӯзбекистон моҳи сентябр дар Маҷмааи Умумии СММ дар Ню-Йорк ва конфронси байнулмилалӣ дар Самарқанд садо доданд, муафассал маълумот дод.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии роҳбари идораи сиёсати хориҷии Ӯзбекистон бо дипломатҳои минтақа ҳамчунин доир ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ табодули назар сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки зимни суханронӣ дар конфронси байнулмилалӣ дар Самарқанд президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзёев изҳор намуд, ки мардуми минтақаи Осиёи Марказиро  робитаҳои ҳазорсолаи бародариву ҳамҷаворӣ ба ҳам пайвастааст.

«Ояндаи минтақа бо беш аз 70 млн. нафар аҳолиро ҳар кадоме аз кишварҳои минтақа ташаккул дода, омодагӣ ва майли самимӣ ба ҳамкорӣ, ҳамчунин масъулиятшиносии тамоми кишварҳои минтақа ба ояндаи умумӣ - таҳкурсии қавӣ ва кафолати рушди устувор ва пешрафти он шуда метавонанд», - гуфта буд Мирзиёев.

Дар Маҷмааи Умумии СММ дар Ню-Йорк моҳи сентябр Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки афзалияти асосии сиёсати хориҷии Ӯзбекистонро имрӯз минтақаи Осиёи Марказӣ муайян мекунад ва кишвараш ба муколама, ҳамкории созанда ва таҳкими ҳамҷаворӣ бо кишварҳо омода аст.

«Бидуни истисно дар ҳама масъалаҳо мо ба созишҳои оқилона бо кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаем. Ба туфайли талошҳои муштарак тайи чанд моҳи охир сатҳи эътимоди сиёсӣ хеле боло рафта, аз рӯи бисёр масъалаҳо қарорҳои муҳиму усулӣ қабул шуданд», - таъкид дошта буд Шавкат Мирзиёев.