Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 17 январ дар Маскав нахустин ҷаласаи Комиссияи иқтисодии Шӯрои иқтисодии ИДМ-ро дар соли равон баргузор намуд.

Тавре Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, Сатторов, ки намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Комиссияи мазкур аст, дар бораи Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ соли 2018 муфассал маълумот дод.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа масоли ҳамгиройии кишварҳо дар бахши иқтисод, ва лоиҳаи як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла санадҳои марбут ба ҳуқуқи муаллифӣ, стандартикунонии байнидавлатӣ, барномаи ҳамкориҳои инноватсионӣ, ҳамкорӣ байни китобхонаҳои давлатҳо баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, истифодаи энергияи атом бо мақсадҳои осоишта, тартиби истеҳсол, воридоту содироти маҳсулоти муҳими хӯроквории кишварҳои Иттиҳод дар соли 2018, таъсиси ҷоизаи Иттиҳод барои дастовардҳо дар бахши сифати маҳсулот ва хизматгузорӣ, ҳамчунин масоли тадорукотиву молиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Бо назардошти эроду иловаҳо лоиҳаи санадҳо ба баррасии Шӯрои иқтисодии ИДМ пешниҳод мешаванд, ки ҷаласаи он 2 марти соли равон дар Маскав баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли 2018 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Русия ба Тоҷикистон гузашт. Ҷаласаҳои сарони кишварҳои узви ИДМ имсол таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд.