Дар шаҳри Душанбе чанде қабл ҷаласаи нахустини Зеркумитаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ баҳри тараққиёт баргузор гардид, ки дар он ҳар ду ҷониб ҷанбаҳои гуногуни кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намудаанд.

Ҳайатҳои тарафайн дар бораи доираи  васеъи имкониятҳои густариши ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба ислоҳоти соҳавӣ ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо, ки ислоҳотро дастгирӣ мекунанд, муҳокима карданд.

Дар ҷаласаи мазкур асосан ба масоили "Стратегияи миллии рушд то соли 2030 (СМР)", дастгирии буҷет, идоракунии молияи давлатӣ ва се соҳаи калидӣ, яъне тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот, ки онҷо Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистонро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Завқӣ Завқизода роҳбарӣ намуд.

Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳидает Бишчевич ва Муовини Сардори Шӯъба оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ/Ҷанубӣ ва Шарқи Наздик ҷаноби Франк Ҳесс раисӣ намуда, ҳар ду ин шахс таъкид карданд, ки Иттиҳоди Аврупо СМР-ро ҳамчун платформаи муҳим барои бардоштани иқтисодиёти Тоҷикистон ба сатҳи нави тараққиёт мебинанд ва ин ҳуҷҷат бояд ба равандҳои банақшагирӣ ва омода кардани буҷаи давлатӣ робитаи зич дошта бошад.

Ҷаноби Бишчевич гуфт: "Мо шудани СМР-ро ҳамчун асоснома барои таҳкими ислоҳот ва таҷдиди кишвар бо хушнудӣ мепазирем ва Ҳукумати Тоҷикистонро дар ҷодаи амалисозии ин ҳуҷҷат пурра дастгирӣ карда, мехоҳем ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар беҳтар намудани робита байни СМР ва банақшагирии молиявию буҷавӣ ва татбиқи он ёрмандӣ кунем. Ҳоло стратегияҳои сатҳҳои гуногун ҳисоби хароҷоти татбиқро надоранд ва аз низоми андозию буҷавӣ ҷудо меистанд. Мо инро дар ҳар се соҳае, ки афзалияти муштараки Аврупою Тоҷикистон ҳастанд ва Иттиҳоди Аврупо дар ин соҳаҳо кор карда истодааст, мушоҳида мекунем".

Ҷаноби Ҳесс афзуд: "Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки дастгирии буҷаи Тоҷикистонро идома диҳад, аммо мо бояд аз сиёсати макроиқтисодии кишвар, ки ба ҳифзи суботи иқтисодӣ равона карда шудааст, мутмаин бошем".

Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати дастгирии ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо ҷалби Афғонистон ва мабнӣ бар ҳаводиси мусбати ахир, барои таҳкими амнияти минтақавӣ, баланд бардоштани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва беҳтар истифода бурдани захираҳои калони инсонӣ ва табии минтақа омодагии худро баён намудааст.

Дар охири ҷаласа ҳар ду ҷониб аҳамияти стратегии ҳамкориро миёни Иттиҳоди Аврупову Тоҷикистон, беҳтар намудани ҳамоҳангӣ, давом додани ислоҳоту рушди иқтисодӣ, таҳкими амну субот ва паст кардани сатҳи камбизоатиро таъкид намуданд.

Баъд аз ин мулоқот, баргузории ҷаласаи Кумитаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар шаҳри Брюссел 9 марти соли 2018 ба нақша гирифта шудааст. Тарафайн муҳокимаи масъалаҳои ҳамкориро баҳри тараққиёт дар заминаи умумии муносибатҳои Иттиҳоди Аврупову Тоҷикистон идома хоҳанд дод.