Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар иртибот ба пирӯзӣ дар интихоботи навбатии Президенти Федератсияи Россия барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқи қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон Владимир Путинро ба ҳайси ҷонибдори густаришу таҳкими бемайлони муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия мешиносанд ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузоранд.

«Интихоби дубораи Шумо ба ин маснади олии давлатӣ нишонаи возеҳи аз ҷониби ҷомеаи Россия пурра дастгирӣ ёфтани сиёсати Шумо мебошад, ки ба таҷдиду таъмини рушди босубот ва таъмини амнияти кафолатноки Россияи дӯст, ҳамчунин таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст», - омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Изҳори итминон мешавад, ки дар давраи пешомад Тоҷикистону Русия бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоро дар ҳама соҳаҳои ҳамдастӣ бо мазмуну мундариҷаи созандаи нав мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуддати кишварҳо ва мардумонамон боз ҳам ғанитар хоҳанд гардонид ва ҷониби Тоҷикистон қотеона омода аст, ки ҳамаи имкониятҳои дар ин ҷода мавҷударо ба роҳ андозад.

«Аз сидқи қалб ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, сиҳатии комил, саодатмандӣ ва комёбиҳои зиёд дар фаъолияти минбаъдаатон дар маснади сермасъули роҳбари давлати Россия ва ба мардуми дӯсти Россияи бузург сулҳу амонӣ ва пешрафт орзумандам», - зикр мешавад дар фарҷоми барқия.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.