Дар маъракаи интихоботи президенти Русия президенти амалкунандаи ин кишвар Владимир Путин бо касби хеле зиёди раъйи интихобкунандагон пешсаф аст.

Баъди коркарди 99%-и варақаҳои овоздиҳӣ 76,65%-и овоздиҳандагон ба ҷонибдории Владимир Путин овоз додаанд.


Натиҷаҳои интихоботи мазкур расман бояд то 3 апрели соли 2018 нашр шаванд. Зимни зарурат давраи дуюми маъракаи интихобо санаи 8 апрел таъин мешавад.

Рӯзи 18 март дар Тоҷикистон низ қитъаҳои овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Русия боз шуданд. Дар пойтахт ду қитъаи овоздиҳӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, навбати хоҳишмандони раъйдиҳӣ қариб то маркази савдои «Ашан» тӯл кашид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.