Президенти Русия Владимир Путин, раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва роҳбари Туркия Раҷаб Эрдуғон 4 апрел дар шаҳри Анқараи Туркия мулоқот мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар остонаи ин мулоқот, Путин бо Эрдуғон тасмим доранд, дар пойтахти Туркия дидори ҷудогона дошта бошанд.

Гуфта мешавад, пештар аз ин Кремл хабар дод, ки мулоқоти се роҳбар моҳи апрел баргузор хоҳад шуд. Русияву Туркия ва Эрон ташаббускори баргузории гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар пойтахти Қазоқистон ҳастанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳамин ҳол, Эрону Русия аз президенти Сурия Башор Асад ва ҳукуматаш, Туркия аз бархе гуруҳҳои шӯришӣ ҳимоят мекунанд.