Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 6 апрел дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск доир мегардад, дар 12 банд баррасии масоили ҳамкории сиёсӣ ва гуманитарӣ, ҳамчунин тадбирҳои мутақобилаи таъмини амният дар назар аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа оид ба масъалаҳои сиёсати байнулмилалӣ ва ҳамкориҳои мутақобила дар чаҳорчӯби Иттиҳод табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ҳамчунин баррасии масъалаҳои марбут ба ворид намудани як қатор тағйироту илова ба санадҳои қаблан дар доираи Иттиҳод қабулшуда низ ба нақша гирифта шудааст.

Аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ки дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов иштирок мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.