Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъи бамиёномада дар масъалаи алоқаи ҳавоӣ бо Русия, ки ба корхонаҳои ҳарду ҷониб зиёни назарраси иқтисодӣ ба бор меорад, нигаронӣ изҳор намуд.

Дар шарҳи интишоршудаи ВКХ Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки бо назардошти вазъи бамиёномада, Тоҷикистон тарзи фишороварии мавриди истифодаи Русияро ноҷоиз ва бесамар медонад.

«Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли баҳсҳо танҳо тариқи машварату гуфтушуниди дуҷониба дар рӯҳияи шарикии стратегӣ бидуни истифодаи таҳрим ё таҳдиди истифодаи он мебошад», - омадааст дар шарҳи ВКХ Тоҷикистон.

Қайд мешавад, ки бо мақсади таҳким ва густариши ҳамкории пурсамар, ҳукумати Тоҷикистон сохтори идоракунии авиатсияи гражданиро тағйир дода, Агентии авиатсияи граждании назди ҳукуматро таъсис дод.

«Дар робита ба корҳои тадорукотӣ ва масъалаҳои роҳандозии фаъолияти Агентии мазкур, Тоҷикистон баррасии масъалаҳои тасдиқ ва додани иҷозатномаҳо барои парвоз ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро мавқуф гузошт», - зикр мегардад дар шарҳ.

Гуфта мешавад, миёни Тоҷикиситон ва Русия солҳои тӯлонӣ ҳамкорӣ дар бахши авиатсия рушд ёфта, баҳсҳои ҷонибҳо мувофиқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи ҳавоӣ аз 12 сентябри соли 1997 танзим мешаванд, аз ҷумла таъини ширкатҳои ҳавопаймоии ҳарду кишвар.

«Тоҷикистон иҷрои бечуну чарои уҳдадориҳо тибқи қарордодҳо буда, ба ҳамкории мутақобилан судманд ва пурсамар бо мақомоти авиатсионии Русия манфиатдор аст», - қайд мешавад дар шарҳ.

Таъкид мешавад, ки айни замон беш аз 60%-и бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни кишварҳо ба ҳиссаи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати гуфтушунид оид ба вазъи бамиёномада ба Маскав раҳсипор шудааст.

Ба ҳайати Тоҷикистон муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода, муовини директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Азиз Набизода ва намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлия шомиланд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.