Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон шумори парвозҳои ду ширкати русиягӣ - «Уралские авиалинии» ва «Ют Эйр»-ро ба Тоҷикистон кам карданд. Ин амал посух ба камшавии шумори парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба Маскав унвон мешавад.

«Ҷониби Тоҷикистон маҷбур шуд, ки аз 3 апрел 8 парвози ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «Ют Эйр»-ро ба Тоҷикистон манъ намояд. Аз ҷумла, 4 парвози «Ют Эйр» бо хатсайри Маскав - Душанбе ва 4 парвози «Уралские авиалинии» аз Маскав ба Душанбе ва Хуҷанд (ду парвозӣ ба ҳар кадоме аз шаҳрҳо) қатъ шуд», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз мақомоти нақлиёти авиатсионии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, ин посух ба амалҳои мақомоти авиатсионии Русия аст, ки шумори парвозҳои ширкатҳои тоҷикистонии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр»-ро ба Маскав манъ карданд.

«Аз 2 апрел 5 парвози ширкати «Тоҷик Эйр» ва 4 парвози ширкати «Сомон Эйр» ба фурудгоҳи Домодедовои Маскав қатъ шуд», - қайд кард манбаъ.

Қобили зикр аст, ки қаблан ширкатҳои тоҷикистонӣ дар як ҳафта ба Маскав 7-парвозӣ (дар маҷмӯъ - 14 парвоз) анҷом медоданд. Акнун ин шумор то 5 адад кам шуд: «Тоҷик Эйр» - 2 ва «Сомон Эйр» - 3 парвоз дар як ҳафта.

Таъкид шуд, ки рӯзи 3 апрел ҳайати ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати гуфтушунид оид ба вазъи бамиёномада ба Маскав раҳсипор шудааст.

Ба ҳайати Тоҷикистон муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода, муовини директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Азиз Набизода ва намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлия шомиланд. Оғози гуфтушунид имрӯз, 4 апрел дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.