Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо даъвати вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров рӯзҳои 8-9 апрели соли равон аз Россия боздиди расмӣ ба амал овард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи сафар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия баргузор шуд.

Гуфта мешавад, зимни гуфтушунидҳо маҷмуи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Россия мавриди муҳокима қарор гирифта, ба масоили татбиқи амалии санадҳое, ки дар натиҷаи сафари расмии Президенти Россия В.Путин ба Тоҷикистон 27 феврали соли 2017 ба имзо расида буданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Қайд мешавад, ки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ, инчунин оид ба таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷаи сафар байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Барномаи ҳамкорӣ барои соли 2018 ба имзо расид.