Генерал-майори мустаъфии бахши назорати маводи нашъаовар Шеравлиё Мирзоавлиёеви 67-сола котиби аввали Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҲКТ) дар шаҳри Душанбе интихоб шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» пешвои ҲКТ Меҳроҷ Абдуллоев хабар дод.

Мирзоавлиёев зодаи ноҳияи Муъминобод, хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Курсҳои олии ВКД Иттиҳоди Шӯравӣ дар Киев (солҳои 1985-1986) мебошад.

Солҳои зиёд дар мақомоти Кумитаи марказии Иттифоқи комсомоли Тоҷикистон, ВКД ҷумҳурӣ фаъолият дошт. Соли 1999 бо фармони президент муовини аввали сардори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон таъин шуд. Феълан нафақахӯр аст.

Шеравлиё Мирзоавлиёев қаҳрамони 15-каратаи Тоҷикистон оид ба гуштии миллӣ, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба самбо мебошад.

Роҳбари тозаинтихоби коммунистони пойтахт ҳамчунин номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз Ҳизби коммунист пешбарӣ шудааст.

Дар ин вазифа ӯ Субҳон Сафиаллоевро иваз намуд, ки айни замон ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Моҳи марти соли равон ваколатҳои Сафиаллоевдар Маҷлиси вакилони пойтахт пеш аз муҳлат қатъ шуда, нисбати ӯ тафтишот ҷараён дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.