Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 16-17 апрели соли равон Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар кори Иҷлосия, ки таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷидин Аслов доир гашт, ҳайатҳои кишварҳои аъзои Созмон бо роҳбарии Муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф, Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Динара Кемелова, Муовини вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Маҳмуд Маммад Гулиев, Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Акилбек Камалдинов, Раиси Шӯрои банақшагирии Покистон Сартоҷ Азиз, Муовини вазири корҳои хориҷии Туркия Аҳмед Йилдиз, Муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Абдувоҳидов ва Дабири кулли СҲИ Иброҳим Халил Акча ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳи Иҷлосияи вазирон Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро ба ширкаткунандагони Иҷлосия ироа намуд.

Дар паёми хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ дар минтақаи СҲИ  таъкид карда,  амалисозии лоиҳаҳои муштаракро дар раванди ҳамгироии бештари минтақа ва некӯаҳволии мардуми он муҳим арзёбӣ намуданд.

Пеш аз Иҷлосияи Шӯрои Вазирон санаи 16 апрел мулоқоти кормандони аршади кишварҳои аъзои СҲИ баргузор шуд. Коршиносон мавзӯъҳои Рӯзномаи Иҷлосияро баррасӣ карда, онро ба нишасти вазирон пешниҳод намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои СҲИ зимни суханронӣ бандҳои Рӯзномаи Иҷлосияро баррасӣ карда, оид ба  мавзӯъҳои он: гузориши Дабири кулли СҲИ; раванди татбиқи созишномаҳои СҲИ, ки миёни кишварҳои аъзои СҲИ ба имзо расидаанд; муносибатҳои Котиботи СҲИ бо созмонҳои байналмилалӣ; ҳолати иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои СҲИ; фаъолияти муассисаҳо ва ниҳодҳои СҲИ; пешрафт ва арзёбии иҷрои ҳадафу вазифаҳое, ки аз санади “Диди СҲИ 2025”, бармеоянд; тавсияҳо барои ислоҳоти Котиботи СҲИ ва тағйиру иловаҳо ба санадҳои ҳуқуқии СҲИ; қабули Барномаи нави СҲИ оид ба мусоидат ба Афғонистон; қабули ҳуҷҷати ниҳоии Иҷлосия - Эъломияи Душанбе, инчунин масъалаҳои маъмурӣ ва молиявии Созмон, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду савдо, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ ва сайёҳиро афзалиятнок арзёбӣ намуда, кишварҳои аъзоро ба иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои аҳаммияти минтақавӣ дошта, даъват намуд. Ӯ изҳор дошт, ки  бо дарназардошти он, ки соҳаҳои асосии ҳамкориҳои дар “Диди СҲИ 2025” муайянгардида, ба ҳадафҳову вазифаҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030 ҳамсон мебошанд, роҳандозии тадбиру чораҳои муштарак баҳри расидан ба ҳадафҳои барномаҳои мазкур, ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ҳамчунин, ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, василаи муҳим дар рушди туризми минтақавӣ ва таҳкими пайвандҳо миёни мардумони минтақа маънидод гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар ростои ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар чорчуби Иҷлосияи мазкур 16-17 апрели соли 2018 дар маркази фарҳангию фароғатии “Боғи Ирам” Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои СҲИ баргузор шуд.

Зимни Иҷлосия ҳамчунин Барномаи нави СҲИ оид ба мусоидат ба Афғонистон қабул гардид. Таъкид ба амал оварда шуд, ки ҳамкории минтақавӣ дар истиқрори сулҳу субот, инчунин фароҳам сохтани шароитҳои мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон муҳим мебошад.

Дар интиҳои Иҷлосия санади ниҳоӣ – Эъломияи Душанбе қабул шуд, ки  дар он ба зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва энергетика, туризм, рушди иқтисодӣ ва маҳсулнокӣ, рифоҳи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки аз барномаи “Диди СҲИ 2025” бармеоянд, таъкид гардид.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ - ташкилоти байнидавлатии иқтисодии  минтақавӣ  ба шумор  рафта,  онро  соли  1985  Эрону Покистон ва Туркия бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узви Созмон таъсис доданд.

Имрӯз Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲИ мебошанд. Котибот ва шуъбаи фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон, дафтари иқтисоди он дар Туркия ва дафтари илмии он дар Покистон воқеъ аст.