Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона Шартнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии кишварҳоро тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидӣ қайд кард, ки Шартномаи мазкур таъйин ва аоматгузории сарҳади давлатиро дар масофаи беш аз 192 километр дар бар мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон танҳо як қитъа дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мувофиқанашуда боқӣ мондааст.

«Шартнома баъди аз ҷониби Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳамдигар супурдани эътимодномаҳои тасдиқ доир ба ин масъала эътибори қонунӣ пайдо мекунад», - иброз дошт муовини аввали вазир.

Вакилон имрӯз ҳамчунин тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон»-ро низ маъқул шумориданд, ки мувофиқи он шароити ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза осонтару беҳтар мешавад.

Ин тағйироту илова бар пояи дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти ҶТ 22 декабри соли гузашта баён гардиданд, омода шуда, мувофиқи он муҳлати бақайдгириии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз 3 то 10 рӯзи корӣ дароз карда мешавад.

Ба Кодекси ҳуқуйронкунии мъмурии Тоҷикистон низ тағйироту иловаҳо ворид шуда, бар асоси он барои гузоштани муҳри махфӣ ба маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ нестанд, шахсон ба маблағи аз 400 то 500 сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.