Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Маскав бр раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев дидору гуфтушунид кард.

Тавре дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дода мешавад, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва дигарбахшҳо баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ба масъалаи ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷирати корӣ, ҳамоҳангсозӣ ва таҳияи механизмҳои танзими равандҳои муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зохир шуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Маскав ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия ба кор шурӯъ мекунад.

Дар ин робита Медведев ва Расулзода муҳим будани кори комиссияро дар самти таҳкими минбаъда ва густариши робитаҳо дар тамоми маҷмӯи соҳаҳои ҳамкорӣ байни Русия ва Тоҷикистон таъкид намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.