Президенти Беларус Александр Лукашенко аввали ҳафтаи оянда бо сафари расмии серӯза ба Душанбе ташриф меорад.

«Рӯзҳои 14-16 майи соли равон сафари расмии президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон баргузор мешавад», - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Лукашенко ба Тоҷикистон моҳи апрели соли равон зимни вохӯрии вазири корҳои хориҷии ТоҷикистонСироҷиддин Аслов бо сафири Беларус дар Тоҷикистон Олег Иванов баррасӣ шуда буд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи ташкили намоишгоҳи миллии Беларус дар Тоҷикистон ва форуми дуюми тиҷоратии «Беларус-Тоҷикистон-Афғонистон»-ро, ки дар доираи сафари Лукашенко доир мегардад, низ баррасӣ намуданд.

Ғайр аз ин, дар бораи ташкили намоишгоҳи бузургмиқёси маҳсулоти Беларус ва форуми тиҷоратӣ дар Тоҷикистон зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Минск моҳи декабр низ сухан рафта буд.

«Муҳимаш он аст, ки мо сари масъалаи ташкили намоишгоҳи бузургмиқёси ширкату корхонаҳоямон дар Тоҷикистон ба мувофиқа расидем, то ки ҳамроҳ ба бозорҳои Афғонистону Покистон роҳ ёбем», - гуфта буд он замон Лукашенко.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Беларус наздики 40 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 қариб 90 % зиёдтар аст. Дар сохторимуомилоти мол байни давлатҳо наздики 37 млн. доллар ба воридоти молу маҳсулот аз Беларус ба Тоҷикистон рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.