Президенти Ҷумҳурии Беларус Александ Лукашенок шоми рӯзи 14 май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе меҳмони олимақомро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Дар чаҳорчӯбӣ сафар дидору гуфтушуниди хоссаи сарони кишварҳои Беларус ва Тоҷикистон, ҳамчунин гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати кишварҳо доир мегардад.

Сарони давлатҳо натиҷаҳо ва нақшаи минбаъда оид ба рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва сармоягузориҳои мутақобила, ҳамчунин ҳамкории муштарак дар бозорҳои кишварҳои сеюмро баррасӣ карда, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои санадҳои дуҷониба пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.