Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров мутмаин аст, ки давоми ду соли оянда ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Чин 5 баробар зиёд мешавад.

«Мо бовар дорем, ки бо талошҳои муштарак ҳаҷми тиҷорати молу маҳсулот миёни ҷумҳуриҳои мо дар соли 2020 то беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ хоҳад расид», - гуфт Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқоти рӯзи 23 май бо муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин Алекен Еминбахе.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Чин наздики 600 млн. долларро ташкил дод.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин таъкид намуд, ки дар 30-соли охир иқтисоди Чин мунтазам дар ҳоли рушд қарор дошта, соли гузашта ҳаҷми ММД Хитой ба 12,7 триллион доллар баробар шуд.

«Дар соли 2007 иқтисоди ин кишвар аз Олмон ва соли 2010 аз Ҷопон пеш гузашта, дар ҷаҳон ба ҷои аввал баромад. Дар маҷмӯъ, аз соли 1978 иқтисоди Хитой беш аз 100 маротиба боло рафтааст», - иброз дошт раиси палатаи поёнии парлумони кишвар.

Зимнан зикр шуд, ки Чин бузургтарин сармоягузор ва шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз ҷумла дар лоиҳаҳои стратегии сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ», Душанбе-Данғара, хатти баландшиддати нирӯи барқи «Шимол-Ҷануб», хатти 220 киловолтаи барқи «Лолазор-Хатлон», хатти 220 киловолтаи барқи «Хуҷанд-Айнӣ»,  Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», нақби «Шар-шар» дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, нақби роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа беш аз як миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Еминбахэ дар навбати худ зикр кард, ки ба таҳкими робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дӯстии самимии сарони кишварҳо мусоидат мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.