Раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев рӯзҳои 31 май - 1 июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС бо истинод ба ҳукумати Русия.

«Зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири ин кишвар Қоҳир Расулзода ба масъалаи рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёту энергетика, бахши кишоварзӣ, муҳоҷират ва робитаҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушунидҳо баимзорасии санадҳои дуҷониба дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, Медведев дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ санаи 1 июн дар Душанбе иштирок мекунад, ки дар кори он бобати вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи ИДМ табодули назар сурат мегирад.

Сарони ҳукуматҳои ИДМ ҳамчунин ният доранд, ки ҷараёни гуфтушунидҳоро оид ба таҳияи лоиҳа дар бораи савдои озодонаи хизматрасониҳо, масоили ҳамкории инноватсионӣ, рушди бозори моликияти зеҳнӣ, ҳамкорӣ дар бахши гумрукро низ баррасӣ кунанд.

«Дар ҷараёни сафар ба Душанбе раиси ҳукумати Русия бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ гуфтушунидҳои дуҷониба баргузор мекунад», - қайд мешавад дар хабар.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.