Президенти Покистон Мамнун Ҳусейн рӯзи 19 июн ва рӯзи дигар, 20 июн сарвазири Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Дар ҷараёни дидору гуфтушунидҳои онҳо бо раҳбарияти олии Тоҷикистон баррасии масоили суръат бахшидан ба амалисозии лоиҳаи CASA – 1000, ки аҳаммияти минтақавӣ дорад, дар назар аст.

Ҳамчунин атрофи масъалаҳои таҳкими суботи минтақавӣ, муборизаи муштарак алайҳи зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷинояткории фаромарзӣ ва ғайра табодули назар сурат гирифта, аз ҷумла ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон яке аз масъалаҳои муҳим хоҳад буд.

Ғайр аз ин, Мамнун Ҳусейн ва Абдулло Абдулло дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028, ки рӯзҳои 20-22 июн дар Душанбе баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки барои иштирок дар кори конфронси мазкур аллакай 65 ҳайати расмӣ сабт шудаанд. Дар он аз иштироки сарони кишвар ва ҳукуматҳои чор кишвар - Туркманистон, Покистон, Афғонистон ва Ҷибути, вазирон ва муовинони вазирон аз 35 давлат, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони беш аз 40 созмонҳои байнулмилалӣ интизорӣ меравад. Ҳайати СММ-ро муовинони Дабири кулли Созмон роҳбарӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки дар кори конфронси Душанбе ба сурати умум то 1500 нафар ширкат хоҳанд варзид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.