Солҳои 2028-2029 Тоҷикистон ба ҳайати кишварҳои аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ дохил шуданист, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯзҳо Тоҷикистон барои дастгирии номзадиаш ҷиҳати интихоб ба сифати аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ бо созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ ва давлатҳои узви СММ гуфтушунид дорад.

Дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Синдао роҳбарони созмон аз ниятҳои Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар баробари Тоҷикистон Қирғизистон низ номзадиашро ба узви ғайрдоимии Шӯрои амнияти СММ пешбарӣ карданист.

«Кишварҳои узви СҲШ нияти Тоҷикистону Қирғизистон доир ба пешбарии номзадиашонро ба аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ қайд карданд», - омадааст дар баёнияи Шӯрои сарони кишварҳо узви СҲШ дар Синдао аз 10 июни соли 2018.

Ба ҳайати Шӯрои амнияти СММ 15 давлат шомиланд, ки 5-тоашон - Чин, ИМА, Русия, Фаронса ва Британияи Кабир узви доимӣ мебошанд. Боқимонда 10 кишвари дигар дар Маҷмааи умумӣ интихоб шуда, панҷтои онҳо ҳар сол иваз мешаванд.

Ҳамасола санаи 2 март ҳамчун рӯзи узвияти Тоҷикистон ба СММ қайд карда мешавад. Рӯзи 29 январи соли 1992 зимни иҷлосияи Шӯрои амнияти СММ дар бораи пазируфта шудани Тоҷикистон ба сифати аъзои баробарҳуқуқи СММ қатънома қабул шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.