Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 18 июн бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Чжэнмин дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Муҳриддин ба Лю Чжэнмин барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” изҳори миннатдорӣ намуда, нақши СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ баланд арзёбӣ кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҷории ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва сохторҳои СММ ва инчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъда ва ҳамкориҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ Петер Бурианро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ба шаҳри Душанбе ташриф оварда аст,  ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Петер Буриан
ВКХ ҶТ

Дар ҷараёни вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Маркази минтақавии СММ Наталя Герман ҷонибҳо алоқамандии самимии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори ҷомеа, ҳифзу мудирияти захираҳои об баён намуданд.

Вазири корҳои хориҷии ҶТ ва Роҳбари Маркази минтақавии СММ Наталя Герман
ВКХ ҶТ

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.