Дар доираи сафари расмии президенти Покистон Мамнун Ҳусейн ба Тоҷикистон ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хдамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот ҳар ду ҷониб ҳамкории фарогиру созандаи тарафҳо дар соҳаҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангии ҷавобгӯи манфиатҳои милливу дарозмуддати  ду кишварро баррасӣ карда, омодагии худро баҳри густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ изҳор доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи баланд бардоштани ҳаҷми мубодилаи тиҷорат то ба 500 миллион доллар, истифодаи муштараки имкониятҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз қабили бунёди хатти интиқоли барқи САSA - 1000, ба кор андохтани имкониятҳои нақлиётиву транзитии кишварҳо дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.

«Мо изҳори умед намудем, ки доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории Покистон дар татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи кишвари мо иштироки судманд хоҳанд кард, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар нишасти матбуотӣ. - Мо омодаем, ки ҷиҳати ҳамкориҳои ҷонибҳо алалхусус дар татбиқи барномаҳои рушди саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикию нақлиётӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ шароити мусоид фароҳам орем».

Зимни баррасии масъалаҳои умдаи байналмилаливу минтақавӣ ҷонибҳо мавқеи муштарак ё ба ҳам наздики худро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмонҳои Ҳамкории Иқтисодӣ ва Ҳамкории Исломӣ арзишманд номиданд.

Сарони давлатҳо аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи амниятӣ, ки сатҳи сифатан навро касб кардааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ - терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, инчунин истиқрори сулҳу субот дар Афғонистонро муҳокима намуданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусейн Изҳороти муштарак дар бораи “Тақвияти замина барои шарокати стратегӣ ҷиҳати ҳамгироии минтақавӣ” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба имзо расониданд.

Дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои зерини байниидоравӣ ба имзо расонида шуданд:

- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати аудитори генералии Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон ва Вазорати иттилоот, телевизион, радио ва мероси миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон.