Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Давлати Фаластин Риёз ал-Моликӣ рӯзҳои 25-27 июл аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар медиҳад департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти манбаъ, зимни дидору гуфтушунидҳои Риёд ал-Моликӣ дар Тоҷикистон масоили таҳкими муносибатҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.

Имрӯз аз ташрифи ҳайати Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон интизорӣ меравад.

«Дар ҷараёни сафари дурӯза масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дар бахши корҳои башардӯстона ва дар ин росто ҳамкории дуҷониба дар масъалаҳои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, сохтмони мактабу бемористонҳо дар Тоҷикистон баррасӣ мешаванд», - хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, аз 24 то 29 июл сафари ҳайати  Давлати  Қатар таҳти роҳбарии  Мудири  кулли  Кумитаи  танзими  кӯмакҳои  хайриявӣ  ҷаноби  Иброҳим  Абдуллоҳ  ал-Дуҳаймӣ  ба Тоҷикистон дар назар аст.

«Зимни гуфтушунидҳо дар ҷараёни ин сафар низ ба масоили рушди ҳамкории мутақобилан судманди иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд», - хабар медиҳад департаменти иттилооти ВКХ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.