Сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эгамзода санаи 1 август ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар даъват шуд. Ба ӯ дар робита ба изҳороти намояндагони ҷудогонаи ҳукумати Тоҷикистон доир ба қаблан дар ин кишвар таълими террористӣ гирифтани чанде аз ҳамлагарон ба сайёҳон дар Данғара рӯзи 29 июл нотаи эътироз супурда шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон, ба сафири Тоҷикистон гуфтаанд, изҳороти ҳукуматдорони Тоҷикистон дар бораи пайи эронӣ доштани амали террористӣ дар Данғара беасос ва бардурӯғ аст.

Ба гуфтаи намояндаи расмии ВКХ Эрон Баҳром Қосимӣ, идораи сиёсати хориҷии Эрон ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон дар Тоҷикистонро амали ғайриинсонӣ шуморида, барои таъмини сулҳу субот дар минтақа бо истифода аз таҷрибаи худ дар мубориза бо чунин зуҳурот ба ҳамкорӣ омода аст.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода изҳор намудааст, ки нотаи эътироз ба ҳукумати расмии Тоҷикистон супурда мешавад.

То замони нашри ин хабар ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар тамос шавад.

Ёдрас мекунем, ки дар ташкили ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара ВКД Тоҷикистон Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломиро гунаҳкор донист. Дар ҳамин ҳол, зикр шуда буд, ки роҳбари гурӯҳи ҳамлагрон дар Эрон таълими идеологӣ ва ҳарбӣ-тахрибкорӣ гирифтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.