Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон интихоб гардидани Имрон Хон ба унвони ӯ барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия изҳори итминон мешавад, ки тайи давраи фаъолияти Имрон Хон муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон дар масири таҳкиму тавсеаи бештар  идомаи самарабахш хоҳанд ёфт.

«Мо аз раванди рушди бемайлони робитаҳои ҳасанаи байни  кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем ва ҳамеша алоқаманди боз ҳам ғанитар  гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо бо иқдомоти нави амалии ҳамкорӣ  ҳастем. Зимнан  омодагии хешро барои саъю талошҳои минбаъда дар ин ҷода иброз медорам», - омадааст дар барқия.

Қобили зикр аст, ки сарвазири тозаинтихоби Покистон Имрон Хон рӯзи 18 август савганд ёд карда, расман ба маснади сарвазирии ин кишвар нишаст. Ҳизби марказгарои ӯ «Таҳрики инсоф» дар интихоботи санаи 25 июл дар ин кишвар пирӯз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.