Ҳукуматдорони Ӯзбекистон имсол дар остонаи ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи истиқлолият, ки санаи 1 сентябр таҷлил мегардад, ба равуои шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ маҳдудият ҷорӣ намекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон.

“Айни замон ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд, шаҳрвандони ҳарду кишвар бидуни маҳдудият равуо доранд”, - гуфт манбаъ.

Солҳои қаблӣ пеш аз фарорасии ҷашни Рӯзи истиқлолият ҳукуматдорони кишвари ҳамсоя ба равуои шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ маҳдудият ҷорӣ намуда, посбонии сарҳад бо сафарбарии нерӯӣ ва воситаҳои иловагӣ пурзӯр карда мешуд.

Як моҳ пеш то ҷашни Рӯзи истиқлолият ба Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудият ба равуои шаҳрвандон огоҳинома фиристода мешуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.